(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altОқилҷон Одиназода-сокини деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод, сарбози Нерӯҳои марзбонии кишвар рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ дар марзи Исфара бар зидди душмани Ватану сарзамин ва паймоншикан мардона ҷангид ва аз тири душман ҷароҳати вазнин бардошт, вале сангари худро тарк накард.

Айни замон ӯ бар асари бардоштани захми зиёд аз тири душман дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд таҳти назорати табибон қарор дорад.
Дуо мекунем, ки Худованд ба ин сарбози Ватан шифои комилу оҷил ато фармояд.
Ба тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ки тайи рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод адо вазифа карда истодаанд, пеш аз ҳама, саломатӣ ва дар фаъолияти душвору пуршарафашон барору комёбиҳо орзу менамоем.

Воқеан ҳам хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифаи бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро намуда истодаанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд