(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

СОҲИБИ ШАҲРИ ДИЛРАБОЕМ

Ҳамшаҳриёни азиз, сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд!

Имрўз рўзи шаҳрест, ки онро оламиён бо муҳаббат ва эҳтироми хос Тирози ҷаҳон мехонанду ин шаҳр чун шаҳри бузургони миллат, накўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият пайдо кардааст ва дар радифи шаҳрҳои маъруфи олам вирди забонҳо гардидааст.

Бо ин санаи фараҳбахш Рўзи шаҳри Хуҷанд кулли сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳри бостониро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз самими қалб табрик ва таҳният гуфта, бароятон бахту иқболи нек, рўзгори ободу осуда, шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ орзу менамоям.

Воқеан, таърихи хеле қадиму пурғановати Хуҷандшаҳр ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он боиси ифтихор ва ибрати мо аст. Дар ин авроқи рангин сарнавишт, рўзгор ва роҳи бузурги тайкарда, таҷрибаи мардум, пайванди асрҳо ва наслҳо, афтодану хестанҳо, ободонию сохтанҳо, гузаштаи қаҳрамонона ва ҳаёти имрўзаи сабзу хуррам ва ҷовидонаи шаҳр ва сокинони он таҷассум ёфтааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо меҳнатдўстӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбории худ барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихор буданду ҳастанд». Хуҷанд бештар бо фарзандони фарзонаи худ – Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Шайх Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов, Фарзона ва садҳо аҳли илму адабаш ифтихор дорад.

Хуҷанд дар баробари фозилону донишмандонаш бо мардони шуҷоъ ва муҳофизони хеш фахр мекунад. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик – намунаи олии рўҳи шикастнопазир ва садоқати бепоён нисбати халқу ватан буда, номи ин сарлашкар ҷовидон вирди забонҳо аст. Шуҷоат ва худфидоии Темурмаликро дар баробари абарқудратони ҷодаи ҷоннисорӣ чун Спитамен, Маздак, Абўмуслим, Муқаннаъ гузоштан хато нахоҳад буд.

Мо, хуҷандиён, аз он ифтихорманд ҳастем, ки дар даврони Истиқлолияти ватани азизамон бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавони Хуҷанд дар назари ҳар бинанда ва сокинони гулдасташ ҳар рўзу ҳар соат ободтару шукуфотар гардида, он ба як шаҳри замонавии дилрабо табдил ёфтааст.

Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдастӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда ва сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва ваҳдат аст.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар кулли сокинони Хуҷандшаҳри бостониро ба ифтихори Рўзи шаҳр табрику муборакбод намуда, барои ҳар яки шумо саодатмандиву хонаободӣ таманно мекунам.

Бигузор, Хуҷанди азизи мо зи нури Истиқлолият ҳамеша шукуфон бошад!