(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар назди пояи Маликушшуаро дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомад баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, Аҳмадҷони Раҳматзод Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш ва дигарон иштирок намуда, нахуст ба пояи пайкараи Устод Рўдакӣ гулчанбар гузоштанд.
Таъкид шуд, ки воқеан ҳам, устод Рӯдакӣ бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ, мазмуну муҳтавои олӣ ва андешаҳои башардӯстонаи худ мардуми оламро ба адолат варзидан, озодандешӣ ва ваҳдату ҳамгироӣ даъват намуда, ба ин восита дар густариши фарҳангу тамаддуни оламгири миллати тоҷик хизмати босазо намудааст. Гузашта аз ин, устод Рўдакӣ бо истифодаи калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ дар мустаҳкам ва устувор гардидани кохи бегазанди адабиёти тоҷик ва яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ – забони тоҷикӣ низ саҳм гузоштааст.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “Устод Рӯдакӣ натанҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”.

Дар замони муосир, ки бар асари ҳамдигарнофаҳмӣ дар кишварҳои мухталиф суботу оромӣ ноустувор гардида, ба инсоният хатарҳои гуногун таҳдид мекунад, омўзиши мероси гаронбаҳо, афкори хирадмандона ва панду андарзҳои ҷовидонии устод Рўдакӣ муҳимтарин омили таҳкими сулҳу ваҳдат, сарҷамъӣ ва ҳамгироию муттаҳидӣ дар ҷомеа мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд