(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид.

Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар доираи амалӣ гардидани «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҷаласаи аввалини Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳр сурат гирифта истодааст, ки дар рафти ҷаласа фаъолияти кори Комиссияи мазкур ҷиҳати татбиқи Барнома дар нимсолаи якуми соли 2022 баррасӣ мегардад. Ҳамчунин, вазифаҳои минбаъдаи комиссия ва аъзоёни он бобати вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссия муайян карда мешаванд.

Сипас роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба маърифати экологӣ ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 12.01.2022, № 16 “Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳр” котиби Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд Азиз Дӯсматов баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки масоили мубрами экологӣ ва ҳифзи муҳити зист яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар тамоми дунё ба масъалаҳои экологӣ, ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, алалхусус баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки аз он некуаҳволӣ ва саломатии инсон вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Замони соҳибистиқлолии кишвар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд. Яке аз чунин барномаҳо «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ба ҳисоб меравад.

Зикр шуд, ки мақсади асосии Барнома тарбия ва маърифати экологӣ ба хотири муносибати эҳтиёткорона зоҳир намудан ба муҳити зист, риояи кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ мебошад.

Барнома барои ташаккул додани низоми босифати маърифати экологӣ, ки ҷавобгўи эҳтиёҷоти рушди устувори кишвар мебошад, пешбинӣ шудааст. Вазифаҳои Барнома ин фароҳам овардани шароити мусоид таввасути амалҳои муштараки маърифатӣ ва ҳифзи муҳити зист, такмили таҳсилоти асосии (ибтидоии) экологӣ ва мусоидат ба рушди он, ҷорӣ намудани маърифат барои рушди устувор дар таълими расмӣ ва ғайрирасмӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳо ва амалисозии принсипҳои рушди устувор муосидат менамояд, таҳияи асосҳои методологӣ ва илмию методӣ оид ба ташаккули ҷаҳонбинии нав ва тарзи нави зиндагии инсон ва ҷомеа тибқи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи иқтидор ва имкониятҳо дар мавзўъҳои асосии рушди устувор (тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки энергия, захираҳои об), ба роҳ мондан ва мустаҳкам кардани раванди муттасили маърифати экологӣ, рушди маърифати экологии томактабӣ, мактабӣ ва берун азмактабӣ, ҷалби воситаҳои ахбори омма ба муттаҳидшавии сокинони шаҳр ва минтақаҳо барои ҳалли масъалаҳои ҳифз ва беҳтар намудани вазъи муҳити зист мебошад.

Ҷаласа бо вазифагузориҳои навбатӣ ҳусни анҷом ёфт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд