(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ба кори худ ҳусни оғоз бахшид.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар оғози иҷлосияи иттилоъ дод, ки тибқи рӯзнома 8 масъала мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Зикр гардид, ки дар кори иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, вакилони шаҳрӣ, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони маҳаллаҳо, ҳайати комиссияи даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.

Баъди гузаронидани тартиботи муқарраршуда вакилон ба баррасии мавзуҳои рӯзнома шуруъ намуданд.
Зимни баррасии масъулаи якуми рӯзнома “Дар бораи эътироф кардани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10” муовини раиси комиссияи шаҳрии интихобот Инъомҷон Поччоев баромад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки бар ивази вакили хориҷгардида, тибқи тартибот дар ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 интихобот баргузор гардид ва бо бартарии зиёди овозҳо Бахтиёр Боқизода вакили шаҳӣ интихоб шуд.

Сипас вакилон ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 Бахтиёр Боқизодаро, ки санаи 7 августи соли 2022 ба сифати вакил интихоб шуд, эътироф намуданд.

Бахтиёр Боқизода назди вакилон савганди вакилиро ёд намуд.

Зимни баррасии масъалаи дуюми рўзнома “Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд муовини Раиси шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Чорчароғ, № 10 Бахтиёр Боқизода баромади муфассал намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад. Бо талошу дастгириҳои доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст. Фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои мусалллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифода аз шароити фароҳамшуда дар таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу бум саҳми шоиста гузошта истодаанд.

Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд “Оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ” якҷоя бо комиссияи даъватӣ ва комиссариати ҳарбӣ фаъолияти худро муназзам ба роҳ монда, нақшаи пешбинишударо иҷро менамоянд.

Ҷавонони ватандўсти диёр чун ворисони арзандаи ниёгони шарафманди хеш баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз садоқатмандона хизмат намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ ва варзишӣ ҳамчун намояндаи ҳақиқии насли фардосози тоҷик барои афзоишу таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани азизу маҳбуби хеш саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Зимни баррасии масъалаи мазкур вакили шаҳрӣ Наим Маликисломӣ, прокурори шаҳри Хуҷанд Авазҷон Назарзода ва комисари ҳарбии шаҳр Қурбоналӣ Сулмонзода андешаҳои хешро баён доштанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъкид намуд, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони маҳаллаҳо ҷиҳати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар робита бо кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр вохўрии ҷавононро бо собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони барўманд ва ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд, ба нақша гирифта, тариқи воситаҳои ахбори омма, радио ва телевизион ба шунавандагону тамошобинон пешкаш намудани он чораандешӣ намоянд.

Шуъбаи маорифивазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо комиссариати ҳарбии шаҳр барои гузаронидани машғулиятҳои методӣ бо омўзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ корро ҷоннок намуда, барои ҷалби ҷавонони синну соли даъватӣ чораҳои зарурӣ андешад. Аъзоёни комиссияи даъватӣ барои бартараф намудани камбудиҳое, ки дар даъвати баҳорӣ ҷой доштанд, чораҷўӣ намуда, барои тибқи мўҳлатҳои муқарраршуда ба иҷро расонидани нақшаи даъвати тирамоҳӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар масъалаи сеюми рўзнома “Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон” аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Қалъаи Хуҷанд, № 17 Адиба Мамадова ироа карда шуд.

Сипас ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Сирандуд, № 39 Муқаддас Азимова оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ шунида шуд.

Ҳангоми баррасии масъалаи ҳафтуми рўзнома дар бораи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ раиси комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотҳои таърихию ҷуғрофӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Дўстӣ, № 25 Фирўза Нуруллозода иттилоъ дод, ки комиссия қарорҳоро дар бораи номгузорӣ намудани номи яке аз кўчаи номнадоштаи микроноҳияи 1 -уми шаҳри Хуҷанд ба номи Ҳамро Тоҳирова ва дар бораи гузоштани нимпайкараи Ҳаким Карим дар назди бинои баландошёнаи сохташудаистодаи маҳаллаи Раззоқ, кўчаи Ҳаким Карим қабул намудааст.
Вакилон тариқи овоздиҳии ризояти хешро ҷиҳати қабули қарорҳои мазкур доданд.

Сипас якчанд қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд қабул карда шуданд.

Дар ҷараёни иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ доир ба масъалаҳои баррасишуда фикру андешаҳои хешро баён дошт.

Бо вазифагузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Раиси шаҳри Хуҷанд ба кори иҷлосия ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми имсолаашон аз 21 декабри соли 2021 қайд карданд, ки “Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қўшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Таъкид намуданд, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандўстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.”

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунад ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд. Бинобар ин бояд ҳар яки моро лозим аст, ки барои насли ҷавон чораҳоеро биандешем, ки дар тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии онҳо таъсиргузор бошад. Дар замири онҳо моҳияти ватандориву ватандўстиро бо ҳар роҳу усул ҷой дода, фаҳмонем, ки ҳимояи оромиву осудагии меҳан барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Зикр шуд, ки мардуми Хуҷандшаҳр фазои меҳанпарастиро дар муҳити ҳар як хонавода муҳайё сохта, фарзандонро дар рўҳияи ватанпарастӣ тарбия менамоем ва барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро бо амри дил иқдом намуда, тамоми саъю талоши ватандўстонаамонро дар самти ободиву созандагии Ватан баҳри истиқболи ҷашни 30-солагии иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд