(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо вуҷуди аз ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расидани протокол дар бораи ба низом даровардани вазъият дар марз ҷониби Тоҷикистон якчанд амалҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистонро сабт кардааст, ки ташаннуҷ дар сарҳадро афзоиш медиҳанд. Дар ин бора дар паёми иттилоотие, ки дар саҳифаи фейсбукии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст, гуфта мешавад.

19 сентябр дар наздикии нуқтаи аҳолинишини А.Лоҳутии шаҳри Конибодоми Тоҷикистон макони ҷойгиршавии техникаи низомии пинҳоннамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон дар ҳаҷми 12 адад ошкор гардид.

18 сентябр дар наздикии дидбонгоҳи марзии «Сарҳадчӣ» дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон таҷҳизоти вазнини низомии пинҳоннамудаи иборат аз чаҳор воҳид – БТР, БМП, БРДМ и ЗУ 22мм-и Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон ба мушоҳида расиданд.

Ҷониби Қирғизистон ҳолати аз хатти даргириҳо берун баровардани қӯшунҳо ва техникаи вазнини низомиашро бардурӯғ вонамуд карда, онҳоро дар нуқтаҳои аҳолинишини наздимарзии ноҳияҳои Лайлак ва Ҷонолойи вилояти Бодканди Қирғизистон пинҳон мекунад.