(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt20 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов бо муовини сардори Департаменти Аврупои ин ниҳод сафир Икегами Масаки баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.

«Зимни мулоқот ҷонибҳо мавзуъҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасии муфассал қарор доданд. Ҳамчунин Сафир ҳамсуҳбатро бо вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон шинос намуд»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.