(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМуроҷиати Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вобаста ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон, ки боиси ҳалокати зиёди шаҳрвандони мо гардид, изҳори нигаронӣ намуда, аз адибони ҳарду кишвар даъват ба амал меорад, ки бо тарҷумаву муаррифии осори ҳамдигар рафоқати инсониву робитаи ҳасанаи эҷодиро ба хотир биёранд ва бо нигоштаҳову баёни назарҳои амиқу санҷида ба бартараф намудани ин нофаҳмиҳо мусоидат намоянд

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,


Шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода гуфтааст:
Биёед дар ибрози назар бисёр эҳтиёткор бошем, бо эҳсоси халқҳо бозӣ накунем, агар ба сарварони кишварҳоямон, ниҳодҳои марбут, шахсоне, ки масъулияти бузурги қисмати ояндаи ду миллату ду давлатро бар дўш доранд, ёрӣ карда натавонем, лоақал халал нарасонем ва самимона орзуманди муваффақияташон бошем!


Биёед, мо, бузургсолон ҳам воқеиятро боре бо дили бузурги тифлони худ эҳсос бикунем, самимона ба чашми ҳам бингарему самимона ҳарфи ҳамдигарро бишнавем! Биёед, аз ояндаи фарзандони хеш, аз фардои давлату миллатҳои худ биандешем!
Асрҳост, ки халқҳои тоҷику қирғиз дар паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд. Беш аз ин, тоҷикони зиёде шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонанду қирғизони зиёде шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳама қисматсозиву ҳамзистӣ хоставу доди Худованд аст ва аз он гурехтан имкон надорад. Фақат хиради азалии халқҳоямонро ба кор бурдан, фарҳанги озмудаи ҳусни ҳамзистиву маданияти ҳамҷавориро риоят кардан, ба ҳар маънӣ дар паҳлўи ҳам будан боиси рўсурхиву сарбаландии мо шуда метавонад. Биёед, ин таърихи омўзанда, ин таҷрибаи раҳнамо, ин ганҷинаи беҳамторо дар ин лаҳзаҳои мушкил ба манфиати миллату давлатҳоямон пурсамар ба кор бибарем!


Чунин нуқтаҳои пайванд зиёданд миёни халқҳои мо, биёед, онҳоро мустаҳкамтар бикунем, то арвоҳи бузургонамон озурда набошанд!
Биёед, ба ёд биёрем, ки Айтматови забардаст Айнии бузургро яке аз ду устоди худ медонист. Биёед, фаромўш накунем, ки Турсунзодаи дар ҷаҳон машҳур бо Чингиз Айтматове, ки ҷаҳонро бо шамшер не, бо қалам гирифта буд, чӣ гуна рафоқати самимӣ дошт. Ё худ, бубинем, ки Шоири халқии Қирғизистон Қубаничбек Маликов чӣ мегўяд: «Дар байни халқҳои Осиёи Миёна тоҷикон дар сатҳи қадимтарину баландтарини тамаддун қарор доранд. Ин халқи сулҳдӯсту боистеъдод ҳамеша ба қирғизҳои кӯчманчӣ таъсири файзбахш расонидааст».


Афзудани сафи ҳангомахоҳон, дурӯғпароканӣ, айбҷўӣ, душмантарошӣ, назари нопоку муғризонаи баъзе «коршиносон», беш аз ин– бо истифода аз силоҳ ҳуҷуми таҷовузгарона намудани низомиёни Қирғизистон ба давлати мо боиси нигаронист. Биёед, ба оташи хонумонсӯзи ҷанг доман назанему бо сатрҳои обдори хеш дар пайи хомўш кардани он бошем!