(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТаи чанд рӯз аст, ки дар як гӯшаи кишвари маҳбубамон нооромиву нотинҷист. Бемасъулиятиву беаҳамиятӣ ва бепарвогиву бефарҳангии мардуми ҳамсояҷумҳурамон Қирғизистон моро ба вартаи ҷанг кашид. Мутаассифона, дар ин ҷанги хонумонсӯз беҳтарин фарзандони миллати мо, ки қарзи Модар-Ватанро адо мекарданд, тӯъмаи тири душманон шуданд.

Тавассути расонаҳои хабарӣ дарёфтам, ки аскарабача аз вилояти Хатлонзамин Сафаралӣ Ҳасанов, каи ҳамагӣ то анҷоми мӯҳлати ҳатмии хизмати ҳарбиаш ду ҳафта боқӣ монда будааст, аз аввалин шаҳидони гул-гункафани Ватан шуд. Ман ба ҳоли модари зораш раҳмам меоя, ки чӣ тавр марги ҷигарбандашро таҳаммул карда бошад?!

Бераҳмии ҷаллодони қирғиз то ба дараҷае расида будааст, ки ҳатто ба Асмоаи 6 сола ва Имрони 5 соларо ҳадафи тири худ қирғиз қарор додаанд. Ин кӯдакони маъсум бо садҳо ормонҳои кӯдакӣ иҷборан аз дунё рафтанд. Ва ба қавли дигар фариштаҳои кӯчаки ормонӣ шуданд. Мегӯянд, ки аз деҳаи қадимаи Овчиқалъачаи ноҳияи ба номи Б.Ғафуров дар ин ҳуҷуми ноҷавонмардонаи қирғизҳо 15 нафар шаҳиди аъло шуданд, ки Худованд раҳмату мағфираташон карда бошад.
Имрӯз кулли мардуми тоҷик, аз ҷумла худи қирғизое, ки соҳиби фарҳангу маданият ва посдори ҳаққи намаки ҳамсояанд, кирдори саркардаи ҷаллодон сардори Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Ташиев ва пайравони гумроҳашро маҳкум мекунанд. Масалан, сокини деҳаи Оқсуи ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон Соатбек Эгамбердиев дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ, ки санаи 18 сентябр пахш шудааст, амалҳои носавоби ҳаммилатонашро маҳкум намуда мегӯяд: “ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон раванди ҳодисаҳои номатлубро мушоҳида карда мегӯям: ба ин ҳодисаҳои нангин на ин ки тоҷикон, балки худи мо-қирғизҳо айбодорем. Зеро, фитнаву иғворо на ин ки тоҷикон гурӯҳит муайяни қирғизҳо таҳти роҳбарии Ташиев андохта истодаанд”.
Ҳол он ки аз таърих ба мо маълум аст: аввалин қирғизҳо солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба деҳоти Ворух ба сифати мардикорчӯпонӣ омада зимнан як-як авлодони худро ба кори чӯпонӣ оварданд ва бо ҳамин дар ин хоки Тоҷикистон муқимӣ гардиданд. Ба қавли дигар онҳо “ятими дарамон буданду ҳокими сарамон шуданд”. Носипосӣ ба нону намаки ин ё он миллат аз ҷониби миллати дигар кӯр хоҳад кард, ки гумроҳони мардуми қирғиз инро набояд фаромуш кунанд.
Хуни шаҳидони гулгункафан ба гардани он фитнагарону оташандозони ҷанг аст, ки оқибатуламр худ ба гирдоби бало хоҳанд афтод. Имрӯз ҳамчун модар ба қотилони фарзандони тоҷик нафрат мехонаму аз ҳалокати ҷавонсардони миллат хун гириста аз забони Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш гуфтаниам:
Бар дидаи гирёни Ватан гиряму гирям.
Бар модари тоҷик, ки фиғонаш ба ҳаво рафт
Чун тифлаки домони Ватан гиряму гирям...
Умедахон Муҳаммадзода,
сарвари МТУҒ «Ирфон», шаҳри Хуҷанд