(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар даромадгоҳи шарқии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбариии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода бо фаъолони ҲХДТ дар шаҳру вилоят дар вазъияти тантанавӣ албом эстафетаи Аксияи «Албом-эстафета»: 30 соли созандаги бо Пешвои муаззами миллат»-ро аз Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ қабул намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси ҳидоятҳои Роҳбарияти олии ҲХДТ ҷиҳати сазвор истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихию беназири Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина дар замири насли имрӯзу фардои миллат бедор намудани эҳсоси баланди худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, огоҳ будан аз таърихи навини давлатдории миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Аксияи «Албом-эстафета»-ро таҳти унвони 30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» ташкил ва роҳандозӣ шуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки аксия-чорабинии мазкур дар ҳамаи 68 шаҳру навоҳии кишвар бо гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатию варзишӣ тибқи нақша ба роҳ монда шуда, дар остонаи таҷлили 30 солагии Иҷлосияи тақдирсоз дар Қасри Арбоб ҷамъбаст ва албоми он ба осорхонаи он тақдим карда мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд