(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТаҳти чунин унвон бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар кўдакистони №6-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хотирмон баргузор гардид.

Аҳли мураббиён ва тарбиятгирандагони ин муасиссисаи таълимӣ дар васфи Истиқлолият ва муқаддасоти миллӣ шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки сию як сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоссаи худро пайдо намудааст. Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар 31 соли соҳибистиқлолии хеш ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Дар натиҷа, имрӯз бисёр мушкилоти мо ҳаллу фасл гардида, мардуми заҳматқаринамон барои ҳалли вазифаҳои боз ҳам бузурги ободгарона камари ҳиммат бастааст.

Эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз бунёду ободкории Душанбе –пойтахти кишвари маҳбубамон оғоз шуд ва дар зарфи 31 сол сохтмони ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва боғу гулгаштҳо дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат, аз ҷумла шаҳри бостонии Хуҷанд бунёд гардида, симои шаҳрро боз ҳам зебову дилоро гардонид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд