(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Муассисаи таълимии томактабии №28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сардори раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Шарипов бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Аҳли мураббиён ва тарбиятгирандагони МТТ №28-и шаҳри Хуҷанд роҷеъ мазмун ва мафҳуми Истиқлолият, дастовардҳои Истиқлолият давоми 31 сол, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ ва ғайраҳо маълумотҳо ироа ва шеъру суруду таронаҳои ватандўстона иҷро намуданд.

Сардори раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ба чорабинӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки 31 сол муқаддам миллати мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, ки ҳоло тамоми мардуми кишварамон дар остонаи истиқбол ва таҷлили он қарор дорад. Ин ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ бо вуҷуди ҳама мушкилоте, ки дар назди мо ҳастанд, сол то сол нуфуз ва шукуҳу шаҳомати хоса пайдо карда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон нақши равшан мегузорад.

Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳон таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст. Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро гаштаву баргашта мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Зеро истиқлолияти Тоҷикистон на фақат дар асри охир, балки дар садсолаҳои дарози сарнавишти куҳан ва такдири иҷтимоии халқамон пирӯзии бузург маҳсуб меёбад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд