(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз дар толори Кохи “Суғдиён” дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 50 нафар фаъолони соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Дар чорабинии идона муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ иштирок намуда, ба ҳозирин номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: "Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи сию як соли Истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд. Зеро ин ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи кишвар ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некӯаҳволии сокинон ба шумор мераванд.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд. Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд".

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамагонро бо ҷашни Истиқлолият таҳният гуфта, зикр дошт, ки Истиқлол ганҷи бебаҳо, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии давлат буда, барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони азиз мебошад.

Таъкид шуд, ки ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳри бостонии Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ободониву бунёдкориҳо мунтазам вусъати тоза мегиранд. Ба истифода додани даҳҳо иншооти ҷашнӣ, обод гардидани садҳо километр роҳ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият шурўъ намудани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва амсоли он аз дастоварҳои даврони истиқлолият маҳсуб меёбанд.

Сипас дар вазъияти мутантан ба 28 нафар Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба 50 нафар Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва 9 нафар Сипосномаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд