(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Мактаб барои хонандагони болаёкати шаҳри Хуҷанд мулоқоти намояндагони прокуратураи шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаҳои «Тиллокон» роҷеъ ба пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ махсусан байни ҷавонон баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро оғоз бахшида, ҳадафи онро шарҳ дод.

Сипас, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Беҳрўз Қурбонзода баромад карда, аз ҷумла афзуд, ки тайи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърифати ҳуқуқии ҷавонон ба таври чашмрас боло рафтааст ва гувоҳи ин, пеш аз ҳама, қонунписандии онҳост. Таҳияву қабули қонунҳои зиёд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», далели вуҷуд доштани ҳокимияти устувори қонунгузор мебошад. Қонунҳои мавҷуда сатҳи ҷинояту рафторҳои номатлубро миёни наврасону ҷавонон дар қиёс ба солҳои пеш коҳиш додааст. Аслан, ҷомеае, ки мутеъ ба қонун аст, ҳамеша пешрафт мекунад ва суботи сиёсиву иқтисодии кишвари мо низ алҳол ба ин омил робита дорад.

Таъкид шуд, ки алҳол кишвари мо дар марҳилаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад ва дар ин роҳ таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон равона гардидааст. Нахустин мулоқоти Роҳбари давлат бо ҷавонон (соли 1993) гувоҳи он аст, ки ин қишри ҷомеа ба таври ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд. Дар вобастагӣ ба ҳамин таваҷҷуҳ аз он замон то имрӯз барномаҳову лоиҳаҳои гуногун амалӣ гашта истодаанд, ки заминаи аслии бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ҷалби ҷавонон ба илму дониш (солҳои 2020 – 2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиноӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷиконоинаи таърихи миллат) дар баробари заминаҳои пешрафти иқтисодии ҷомеа, яке аз роҳҳои андармон сохтани ҷавонон барои ташаккули шахсияти фардии онҳо низ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ ниҳоят мураккабу пурмуаммо мебошад. Ҳам дар таҳаввул ва ҳам дар таназзули ҳар як ҷомеа дар мадди аввал ҷавонон нақши амиқ мегузоранд ва ниҳодҳои мухталиф барои манфиатҳои худ аз ин неру истифода мебаранд.

Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир собит менамоянд, ки абарқудратҳо дар роҳи забту ғасби кишварҳои миёнаҳолу ақибмонда маҳз бо истифода аз гумроҳии ҷавонон ва барангехтани ҷангҳои шаҳрвандӣ нақшаҳои геополитикии худро амалӣ месозанд.

Зикр шуд,ки маҳз талошу дастгириҳои Пешвои миллат буданд, ки имрӯз нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва барномаҳои дигар қабул гардиданд. Ҳамчунин барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон аз 26 феврали соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот бори дигар аз ҳозирин даъват ба оварда шуд, ки нисбати тарбияи наврасону ҷавонон бетарафӣ зоҳир накунанд, зеро ҷавонон бунёдгар ва ободкунандаи фардои Давлати мо мебошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд