(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади таҷлили шоистаи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад. Дар ин радиф дар ҳудуди бинои маъмурии Факултети №4 Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бинои нав бо тарҳи замонавӣ қомат хоҳад афрохт.

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири корҳои дохилии мамлакат генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳайати омӯзгорону курсантони муассисаи олии таълимӣ дар макони сохташавандаи иншоот маросими гузоштани санги асос баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари лоиҳа Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои маъмурии сохташаванда аз таҳхона ва шаш ошёна иборат ва дар он тамоми инфрасохтори зарӯрӣ дар назар дошта шудааст.

Дар бинои мазкур ошхона, хобгоҳ, 17 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ барои 500 нафар, утоқҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Интизор меравад, ки иншооти мазкур дар моҳи сентябри соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохтмон дастур дод, ки корҳо босифат ва дар муҳлати муайяншуда анҷом дода шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо ҷараёни таълиму тарбия дар Академия аз наздик шинос гардида, бо курсантон мулоқот анҷом дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд