(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба 31-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷистон ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дорад.

Дар ин радиф дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр тадбирҳои ободонӣ, бунёди иншооти таъиноташ гуногун ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба василаи муҳайё намудани мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ роҳандозӣ гардидааст.

Субҳи имруз бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ва муассисаи кабудизоркунии шаҳр бо ҷалби беш аз 100 нафар кормандон ҳашари дастҷамъона дар роҳи асосии кӯчаҳои байни микроноҳияи 8-12 гузаронида шуд.

Дар партави ин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкории шаҳрдорӣ тамоми партовҳои мавзеи миёнаи роҳ ҷамъоварӣ, бехи дарахтон мулоим ва карда шуда ва обёрӣ карда шуд.

Ин иқдом бо мақсади дар асоси дастури роҳбарияти шаҳр бо мақсади беҳбудбахшии фазои экологии шаҳр роҳандозӣ карда шуд.

Ин ҳама тадбирҳо имкон медиҳад, ки шаҳри бостонии Хуҷанд ба яке бузургтарин шаҳрҳои сайёҳии Тоҷикистон мубаддал гардида, барои муаррифии бештари табиати нотакрор ва маконҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба сайёҳон заминаи мусоид хоҳад шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд