(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд ҷамъомад баргузор гардид.

Директори Марказ Тахмина Усмонова зикр дошт, ки роҳи асосии пешгирии COVID-19 ваксинатсия мебошад. Пас аз 21 рӯзи вояи якуми ваксин, вояи дуюм ворид карда мешавад. Вақте ки бори якум ваксина гузаронида мешавад, бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо шуда, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳолат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.

Дониёр Худоизода, сироятшинос, иҷрокунандаи вазифаи сардори Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ изҳор дошт, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 июли соли равон ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.

Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Гуфта шуд, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Сипас роҳбарияти ва тамоми кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо вояи чоруми ваксина бар зидди бемории короновирус фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади тарғиби фарогирии ваксинаи чорум дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд низ мулоқот баргузор гардид. Роҳбари Марказ Азаматхўҷа Воҳидов мақсад ва моҳияти гирифтани ваксинаро шарҳ дода, онро шарти асосии эмин мондан аз шиддатгирии бемории короновирус маънидод кард.

Таъкид шуд, ки ваксинаҳо қариб то 100 фоиз дар пешгирӣ аз фавт ва шадид нагузаштани ҷараёни беморӣ самаранок мебошанд.

Барои ҳамин бояд ҳама ваксина гиранд, то фавт ва шадидшавии беморӣ пешгирӣ гардад. Илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаи COVID-19 муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам аст.

Сипас тамоми кормнадони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ва Маркази саломатии №4 бо вояи чоруми ваксина бар зидди бемории коронавирус COVID-19 фаро гирифта шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд