(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо иқдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори хурди Кохи “Суғдиён” бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занон ва духтарони фаъол баргузор гардид.

Дар ҳамоиш сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, мудири бахши кор бо ҷавонон Фирдавс Фахридинзода, омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №16 Фарангис Ҷўраева, ҳамшираи оилавӣ Маркази саломатии шаҳрӣ №2 Малика Аминова ва дигарон доир ба дастовардҳои Истиқлолият дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ иттилоъ дода, аз ҷумла таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа ва минбаъд низ ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Саҳми назарраси занону бонувон дар рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷумҳурӣ дар ҳамаи Паёми худ низ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлати қарор гирифт. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, ки соҳаи тандурустӣ, ба табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд. Бо ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рўзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанамонро аз марг наҷот доданд.

Мо - хурду бузурги кишвар бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд кунем, иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кор муҳайё намоем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем, Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри бисту як ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад.

Ҳамоиш бо баёни андеша ва мубодилаи афкор анҷом пазируфт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд