(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТавре, ки иттилоъ доред 12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бояд таъкид намуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир” аввалин маркази махсусгардонидашудаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар ҷумҳуриамон буда, бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошад.

Чанде қабл дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти ин муассисаи тандурустӣ, мутахасиси соҳибкасб, осебшиноси маъруф, номзади илмҳои тиб сармутахасиси осебшиносии вилояти Суғд
Шуҳрат Зиёбоев ҷарроҳии пойҳои шаҳрванд Аҳрорҷон Тошпӯлодов комилан ройгон мувафақона анҷом дода шуд.

Роҳгардиии Аҳрорҷон пеш аз ҷарроҳӣ мушкил буд ва ӯ наметавонист бо кафи пой роҳ гардад. Бъди ҷарроҳӣ ва муолиҷа роҳгардиаш хеле қулай шуд.

Тибқи иттилоҳ осебшинос Шуҳрат Зиёбоев баъди ҷарроҳӣ сифати ҳаёти бемор хеле беҳтар карда шуд. Мавсуф ба бемории модарзоди фалаҷи кӯдакона мубтало аст.

Аҳсан ба чунин амали табибони ҳозиқ, хайрхоҳ ва муроотпеша!