(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рамз ва Рӯзи шаҳри Хуҷанд қабул шуд.Бисёр шаҳрҳои машҳури олам рамзи худро доранд, ки онҳо ба ҳайси шиноснома пазируфта шуда, таърих ва ё хусусисяти нодири макон ва сокинонашро инъикос месозанд. Тамоми халқҳо ва миллатҳо бо зодгоҳ ва Ватани худ меболанд. Барои муаррифӣ кардани бузургии диёри хеш муҳимтарин саҳифаҳои шӯҳратёри гузашта ва дастовардҳои афроди маъруфи хешро ба унвони Рамзи шаҳри худ интихоб мекунанд. Шаҳрдории Хуҷанд низ тасмим гирифта буд, барои ин маскани бостонӣ яке аз гаҳвораҳои тамаддуни тоҷик нишонаи рамзӣ интихоб намоянд. Доир ин масала Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 15 ноябри соли 2013, № 690 «Дар бораи озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» бобати гузаронидани озмуни лоиҳаи беҳтарини Рамзи шаҳри Хуҷанд ба тавсиб расид. Дар шаҳри Хуҷанд байни мусаввирон ва донишмандони таърих озмуни «Рамзи шаҳри Хуҷанд» эълон карда шуд. Қобили қайд аст, ки озмуни мазкур тавассути васоити ахбори омма баррасӣ гардида, дар саҳифаи матбуот мақолаҳои зиёде бо пешниҳоди мушаххас чоп гардиданд. Мақолаи олим Абдуллоҷон Мирбобоев бо унвони «Хурӯсу Меҳроб дар нишони шаҳр таҷассум ёбад». Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона ва гурӯҳи адибон «Рамзи Хуҷанд.. Андеша ва ормон» ва ғайраҳо афкори бузургони шаҳрро оиди рамз баёнгар буданд. Аъзои комиссияи озмун аз ҷумлаи фаъоли қишри аҳолӣ сохтмончиён, адибон, олимон, вакилони мардумӣ ва рассомони шинохтаи ҷумҳурӣ ва шаҳр буданд.
Ба озмун зиёда аз 150 тарҳи «Рамзи шаҳри Хуҷанд» пешниҳод гардид. Дар натиҷа аз байни тасвирҳои расида амали рассом-корманди шоистаи Ҷумҳурӣ Тоҷикистон Акбар Маҳмудов мавриди пешниҳод қарор гирифт, ки дар он рамзи Хуҷанд чунин тасвир ёфтааст.
Санаи 22 сентябри соли 2014 ҷаласаи ҳайати комиссия баргузор шуд. Дар он ҳар як тарҳи рамзи пешниҳодшуда, ороиши он фарогирии амиқи анъанаву муаррифии он мавриди таҳлил қарор гирифт. Тамоми фикри аъзоён дар маҷлиси ҳайати комиссия аз 23-юми сентябри соли 2014 ва қарори қабулшуда баррасӣ гардида аст.
1. «Рамзи шаҳри Хуҷанд» - рамзи фарҳанги ғанӣ ва ҳунармандии Хуҷанд – Хуршедшаҳр.
2. Офтоб - бо шуои худ рамзи қадимтарин шаҳр ва номгӯи гузаштаи он шаҳри офтобиро ифода мекунад. Ҳамчунин дар ин расм шакли нон, ки муқаддасоти зиндагист, ва чархи гардун, ки нишони тағийрёбии кишвар ва гузашти айёмро нишон медиҳад, тасвир ёфтааст.
3. Китоб - дар хеш ҳам маърифатнокӣ ва ҳам кишвари кӯҳсор будани шаҳри Хуҷандро таҷассум менамояд. Он рамзи маърифатнокц, донишмандӣ, бузургдошти офаридаи олимон, ихтироъкорон ва дорои фарҳанги воло будани хуҷандиёнро нишон медиҳад. Дар гирди китоб рамзи тамаддуни ориёи ва сиккаҳои давраи сомониён тасвир  ёфтааст, ки ин рамзи аз ҷиьати иқтисодиёт истиқлолияти давлатро ифода мекунад.
4. Қалъа - рамзи истеҳком, устувории миллат дар роҳи озодӣ ва мустаҳкамии иродаи халқро дар роҳи ободӣ ифода мекунад.
5. Дарвозаи кушод - нишонаи дӯстхоҳӣ, меҳмоннавозӣ ва ҳамраъйи дар роҳи рафоқат бо кулли башар.
6. Дарё – дарёи Сир, Сайҳун боиси гул – гулшукуфии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, рамзи идомаи ҳаёт, сарсабзии диёр, пайванди миллатҳо ва рӯҳияи ободгароиро таҷассум менамояд.
7. Парчам – рамзи истиқлолияти миллат буда бо ҳуруфоти Хуҷанд пайваста пайванди гузаштаву имрӯзу фардои халқро таҷассум менамояд.
Баъди таклифи вакилони мардуми маҷлиси шаҳри Хуҷанд Мақсудҷон Зиёбоев ва Муҳаммадҷон Ҳомидов рамзи шаҳри Хуҷанд бо тағироту иловаҳои пешниҳодшуда қабул карда шуд.
Комиссияи озмуни лоиҳаи «Нишони шаҳри Хуҷанд» ва муқаррар намудани «Рӯзи шаҳр» барои қабули «Рамзи шаҳри Хуҷанд» ба иҷлосияи 18-ум даъвати 4-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд якдилона рӯзи қабули рамзи шаҳрро Рӯзи шаҳри Хуҷанд  тасдиқ намуд.
Минбаъд ҳамсола санаи 25 сентябр чун Рӯзи шаҳри Хуҷанд қайд карда мешавад.