(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЧанде қабл ба сохтмони бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуда буд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳо боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои маъмурӣ аз ду ошёна бо таҳхонааш бунёд гардида, дорои 10 ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳамчунин биноҳои ёрирасонии хоҷагидорӣ ва ғайраҳо иборат мебошад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ “Авитсенна” муайян шудааст.

Алҳол сохтмони таҳхона ва ошёнаи якуми бино ба анҷом расида, корҳо бомраом идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр яке аз идораҳои ободонии шаҳр маҳсуб ёфта ба тавозуни он беш аз 8000 адад нуқтаҳои чароғонкунии шаҳр маҳсуб аст. 23 нафар кормандон фаъолият доранд. Идораи мазкур ба бинои феълӣ ҳанўз соли 1972 кўчида омада, бинои он хеле фарсудаю корношоям гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба санаҳои таърихии миллат бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд аз нав сохта мешавад ва барои кормандони ин ниҳод тамоми шароитҳои замони муосир муҳайё мегардад.

Раиси вилоят ба сохтмончиён ҷиҳати анҷом додани босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати ободонии ҳудуди бино маслиҳатҳо дода шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд