(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид аз ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо дар маркази маъмуриии вилоят ошноӣ пайдо намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои баландошёнаи замонавӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ғайраҳо ҷараён тоза касб намудааст ва дар ин ҷода корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъат тоза гирифтаанд.

Зимни шиносоӣ бо корхонаи ҶДММ «Доро Инвест», ки дар минтақаи саноатии шимолу-шарқии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, иттилоъ дода шуд, ки сармоягузори корхона соҳибкори маҳаллӣ Абдуаҳад Тоҷибоев буда, таҷҳизот асосан аз давлати Олмон дастрас карда шудааст.

Фаъолияти асоси коргоҳ, истеҳсоли маҳсулотҳои хўрока мебошад. Баъд аз ба истифода додани корхона 300 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кории доимӣ таъмин карда мешаванд.

Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Пудратчии генералӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳудуди «Доро Инвест», Лоиҳакашӣ сохтмон КФ КВД «Лоихакаш» дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Раиси вилоят ба соҳибкор дастур дод, ки ҷиҳати суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ва зеббахшии ҳудуди корхона тадбирҳои мушаххас андешад.

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо фармоиши аз Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 бомаром идома дорад.

Сохтмони мазкур аз 4 ошёнаи барҳаво иборат буда дар ошёнаҳо синфхона, китобхона, ошхона, толори маҷлиси, инҷунин синфхонаҳои лабаратории фанҳои дақиқ, синфхонаҳо барои таълими меҳнат, ҳоҷатхона, ҳуҷраи муаллимон ва аз толори варзишӣ иборат мебошад. Пудратчиёни генералӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳудуди «Сохтмон ва воридот», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳудуди «Хушофар», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳудуди «Сириус СС» Лоиҳакашӣ сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳудуди «Бунёдгари Суғдзамин» мебошад.

Ҳангоми боздиди сохтмони бинҳои баландошёна иттилоъ дода шуд, ки сохтмони 2 адад бинои истиқоматии 12-ошёна дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ дар назди бино майдонча барои бозии бачагона, воқеъ дар кўчаи Камоли Хуҷандӣ аз тарафи ҶДММ «Эҷод» ва ҶДММ «Муъмин стар» сохта ва ба истифода дода мешавад.

Сохтмони дигари бинои истиқоматии 12-ошёна бо пентхаус (болохона) дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ дар назди бино майдонча барои бозии бачагон ва таваққуфгоҳ барои нақлиётҳои сабукрав, воқеъ дар кўчаи Гагарин аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҳусаинов Фаррух бомаром идома дорад.

Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр сохтмони бинои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо, таваққуфгоҳи зеризаминӣ бо назардошти майдончаи варзишии бачагона ва ҷойи дамгирии сокинон аз тарафи ҶДММ «Ҳамдасти-2013 сохта шуда истодааст.

Сармоягузорон соҳибкорони маҳаллӣ мебошад. Сохтмони мазкур аз 2 адад 12-ошёна бо пентхаус ва дар ошёнаҳои якум ва дуюм марказҳои савдо ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Баъд аз ба истифода додани корхона зиёда аз 30 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кории доимӣ таъмин карда мешаванд.

Зимни боздид аз кўдакистони №9-и шаҳри Хуҷанд ба масъулини соҳаи сохтмон ва меъморӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати азнавсозии ин муасссаи томактабӣ лоиҳа ва пешниҳодоти хешро манзур намоянд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин ҷиҳати фаъол намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ, истифодаи масолеҳи ватанӣ дар иншооти бунёдшаванда ва ғайраҳо дастуру супоришҳо дод.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд