(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар кўдакистони №25-и шаҳри Хуҷанд машварати анъанавии мудирони муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар машварат мавзуъоти гуногун, аз ҷумла масоили мубрами соҳаи маориф, навгониҳои соҳа, роҳу усулу тарзи самаранок ба роҳмондани фаъолияти таълимию тарбиявӣ, истифодабарии маводҳои намоишӣ аз ҷониби мураббиён, фаъолияти кабинетҳои методӣ ва иттиҳодияи методӣ дар раванди беҳдошти сифати таълим, нақши сармураббӣ дар баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиён ва ғайраҳо матраҳ шуданд.

Барномаҳои фарҳангии ҷолиби тарбиятгирандагони МТТ №25-и табъи ҳозиринро болида намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд