(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Иди табибн бо баргузории як нишаст таҷлил карда шуд.

Азаматхўҷа Воҳидов, директори Марказ кормандонро бо иди касбиашон таҳният гуфта аз ҷумла афзуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо маром рушд карда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Пайваста қабул ва амалӣ гардидани барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷўҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ба соҳаи тандурустии шаҳр аҳамияти аввалиндараҷа дода, баҳри пешбурди соҳа ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома медиҳад.

Тахмина Усмонова диреткори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд зимни номаи табрикотии хеш изҳор дошт, ки дастовардҳои асосӣ дар самти пешгирӣ, ташхису табобат ва назорати бемории сироятии COVID-19 дар давраи пандемияи COVID-19- ин таҷдиди назар гардидани ҳамгироии фаъолият байни муассисаҳои беморхонавӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ маҳсуб меёбад, ки дар натиҷа роҳҳои самаранок ва фаврии мушкилоти ташхису табобат, дарёфт ва безараргардонии манбаи сироят, ба канорагирӣ равон намудани нафароне, ки бо бемор дар тамос буданд, фароҳам омаданд. Дар инсамт ҷоннисориҳои табибон бахсус эпидемологҳо шоистаи таҳсин аст.

Сипас намояндаи ҲХДТ дар шахри Хуҷанд Эҳсон Исоев номаи табрикотии ҳизбиёнро ба самъи ҳозирин раснд.

Дар анҷоми чорабинӣ бо мақсади ҳавасманднамоии фаъолияти кормнадони Маркази назорати даватии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд як қатор фаъолон бо унвон, Ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази назорати давлатии санитарию эпидеомлогии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд