(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев, роҳбарон ва фаъолони соҳаи тандурустии шаҳр Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд.

Номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тибро Маъруф Ҳоҷибоев ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Боиси ифтихор аст, ки иди касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди олими номвари тоҷик, алломаи машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино, ки осори гаронбаҳояш ҳамчун ганҷинаи бебаҳои илм барои пешрафти соҳаи тандурустии тамоми олам хизмат мекунад, алоқамандии бевосита дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, “мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд”. Шоистаи таъкид аст, ки дар кишвари маҳбубамон ва аз ҷумла вилояти Суғд таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба касилиҳои гуногун, беҳдошти фаъолияти беморхонаву муолиҷагоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешаванд”.
Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кулли табибонро бо Иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо маром рушд карда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Пайваста қабул ва амалӣ гардидани барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷўҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раҳнамоиҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин раванд ба соҳаи тандурустии шаҳр аҳамияти аввалиндараҷа дода, баҳри пешбурди соҳа ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома медиҳад.
Раиси шаҳр гуфт, ки табибони мо дар навбати худ ҷавобан ба чунин дастгириҳо баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ шоиста меҳнат намуда, бо дасти мўъҷизакор, дониши мукаммал, сухани нек ба беморон саломатӣ ва умри дубора мебахшанд. Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошт ва хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Аҷдодони донишманди мо ба мисли Абўалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ ва дигарон ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки табибони муосири мо ворисони арзандаи гузаштагон гардида, осору истеъдоди онҳо дар кишвар ва хориҷи он эътироф мегарданд.
Сипас ба як қатор пешсафони соҳаи тандурустӣ ва ашхосе, ки бо кору пайкори худ ба пешрафти соҳа саҳми бориз гузоштанд, бо унвонҳои соҳавӣ, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Аз ҷумла, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, сартабиби Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 Фирӯз Комилов, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Азаматхӯҷа Воҳидов, Мурод Ёдгоров, табиби трансфузиолог бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадршиносӣ гардиданд.
Барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд