(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ободгарони иморати зиндагӣ

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шаҳрвандони гиромӣ, собиқадорон ва сохтмончиёни гулдастро ба муносибати иди касбӣ – Рўзи кормандони соҳаи сохтмон таҳният намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, рўзгори обод ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри ободию шукуфоии кишвари азиз муваффақиятҳо хоҳонам.

Аслан мафҳуми созандагию бунёдкориро ҳам ба сохтани иморат, бунёди шаҳру деҳот ва ҳам ба тафаккури покизаи инсонӣ, обод кардани иморати зиндагӣ, бунёдгузории ҳаёти нав нисбат медиҳанд. Аз ин хотир, рў ба созандагӣ овардани мамлакат, бунёди даҳҳо иншооти таъйиноти иҷтимоию маишӣ ва фарҳангӣ, торафт ободу зебо гардондани манзилу макон нишони тинҷию осоиш, устувории сулҳу амонӣ ва хотири ҷамъи мардум аст. Шукри онро мекунем, ки ин рисолат тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва заҳматҳои арзандаи сохтмончиёни чирадаст бо мазмуну мантиқи нав идома меёбад.

Бале, мушкил аст вазифаи сохтмончӣ, чӣ қадар дониш, малака, истеъдод қувват ва кордониро талаб мекунад. Ба ҳамаи ин мушкилӣ нигоҳ накарда, сохтмончиёни бомаҳорат зери офтоби сўзон, борону барфи беист, шамоли сахту ҳавои хунуки дараҷааш баланд меҳнат мекунанд, мекўшанд мувофиқи ваъда иншоотро супоранд, дар ободу зебо гаштани ватан саҳмгузор бошанд.

Давоми чанд солҳои соҳибистиқлолии кишвар қомат афрохтани биноҳои таъйиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, таъмири кўчаю роҳ, бунёд ёфтани даҳҳо иншоот, хиёбону гулгаштҳо, мактабҳои замонавӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва ғайра, ки ба ҳусни маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри бостонию ҳамешаҷавони Хуҷанд ҳусни тоза зам мекунад, эъҷози дастони зебоиофари бинокорон ва рисолати азалии авлоду аҷдоди сарбаланди мо мебошанд.

Сохтмончиёни шаҳр бо рўҳияи баланд аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат баҳри гулгулшукуфию сарсабзии диёрамон садоқатмандона меҳнат мекунанд. Ин аст, ки дастовардҳои меҳнатии кормандони соҳа ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашнҳои мубораку муқаддаси миллӣ 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на ба ҳисоби фоиз, балки ба маротиб афзуда истодааст, ки боиси ифтихори ҳар сокини ин Хуршедшаҳр мебошад.

Иди касбиро ба кулли сохтмончиён ва алоқамандони соҳа бори дигар шодбош гуфта, таманно мекунем, ки шаҳри тозаҷавони мо рўз ба рўзу соат ба соат шукуфонтару пешрафтатар мегардад.

Идатон муборак, сохтмончиёни азиз!