(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАз миёни 34 нафар довталабони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз шаҳри Хуҷанд, 20 нафарашон мақомҳои ифтихориро дар ин давра ба даст оварданд.

Дар Кохи фарҳангии "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Рафти озмунро ҳайати бонуфузи ҳакамон аз шаҳри Душанбе бо роҳбарии Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшох Сатторзода ҳунарманди маъруфи тоҷик Миралӣ Достиев натиҷабардорӣ намуданд.

Дар озмун аз шаҳри бостонии Хуҷанд 34 нафар ғолибони даври шаҳрии озмун аз руйи ҳамаи номинатсия ва жанрҳои дар низомнома зикргардида иштирок намуда, аз онҳо 8 нафар сазовори ҷойи 1-ум, 5 нафар сазовори мақоми 2-юм, 4 нафар сазовори ҷойи 3-юм, ҳамчунин 5 нафар бо сипоснома сарфароз гардонида шуда, аз онҳо 13 нафар чихати иштирок ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Аз руйи нишондиҳандаи даври вилоятии озмун намояндагони шаҳри Хуҷанд дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба дастоварди беҳтарини ҳунариву эҷодӣ ноил гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ соли чорум аст, ки баргузор карда мешавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд