(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба ҷашни 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ободу зебо ва хуррамнамоии муҳити атроф дар соҳили дарёи Сири хиёбони Раҳмон Набиев аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Зиёда аз 200 нафар иштирокдорони аксия, ки ҷавонону волонтёрон ва мураббиёну варзишгарони шаҳр буданд, бо амалӣ намудани корҳои дастаҷамъона соҳили дарёи Сирро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза намуда, ба ҳусни дарёи Сир ҷилои нав бахшиданд.

Бояд кайд намуд, ки ин тадбир дар доираи татбиқи ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», сурат гирифт.

Зикр шуд, ки мо бояд маҳалли зист, шаҳр ва Ватани маҳбубамонро танҳо худамон тозаву хуррам ва ободу мунаввар намоем, барои дигарон намунаи ибрат бошем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд