(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб менамояд. Дар баробари ҷалби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин аз ҷониби сокинон, бахусус соҳибкорон иқдомҳои созандагӣ дар маҳалли зисти хеш амалӣ карда мешаванд.

Соҳибкорон Орифҷон Пӯлодов ва Нуъмонҷон Иброҳимов бо амали хайрхоҳонаи хеш ва бо дастгирии аҳли маҳалла кӯчаи Ҳайдар Қурбон ва Кирови маҳаллаи «Якуми май»ро мумфарш намуданд. Дар оғози корҳои асфалтпӯшкунии роҳи кӯчаҳои мазкур фаъолон, пирони кори маҳалла ва иқдомгирифтагони ин амали ибратбахш иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки паҳноии кӯчаҳо то 10 метр буда, дарозии он беш аз 500 метрро ташкил медиҳад.

Тавре раиси кумитаи маҳаллаи «Якуми май» Саъдулло Тагиров иттилоъ дод, то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саҳми соҳибкорони бонангу номус мумфаршкунии тангкўчаву роҳҳои мошингарди дигар кӯчаҳояшонро низ ба анҷом бирасонанд. Сокинони маҳаллаи мазкур иброз доштанд, ки барои сазовор ва бошукӯҳ пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ ҳар як тоҷикистониро зарур аст, ки саҳми хешро дар ободонию шукуфоии сарзамин гузоранд. Зикр шуд, ки ободкуниро мо бояд аз хонаи зисти хеш, аз кӯчаву маҳалла ва шаҳрамон оғоз намоем.

Ёдовар мешавем, тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шаҳрдорӣ дар соли 2022-юм 41 км таъмири роҳҳо, аз ҷумла 30 км таъмири асосӣ ва 11 км таъмири ҷориро дар бар мегирад. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2022-юм дар шаҳри Хуҷанд наздик 15 км роҳҳо таъмири асосию ҷорӣ гузаронида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд