(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ фаъол бояд буд.Тибқи супориши Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи Прокуратураи вилояти Суғд дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҷлиси васеъ бо иштироки сарварони мактабҳои олӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, намояндагони уламои дини вилояту шаҳр, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, шӯроҳои занон ва бибиотунҳо доир гардид. Дар он Прокурори вилояти Суғд Қурбонзода Шариф Ҳабибулло, Раиси суди вилоят Анвар Иброҳимзода иштирок намуданд.
Маҷлисро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оғоз кард ва ба ҳозирин маълум сохт, ки бо вуҷуди ин қадар пешравиву муваффақият, ҷиноятсодиркунии шаҳрвандон ва ноболиғон дар ҷомеа боиси нигаронии шаҳрдорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидааст.- Аз ин рӯ, фаъолони шаҳрро ин ҷо сарҷамъ намудем, то аз ин вазъ бохабар созем,- зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода ва суханро ба Прокурори вилоят Қурбонзода Шариф Ҳабибулло дод. Мавсуф оид ба рафти фаъолияти ин мақомоти бонуфузи вилоят дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ маълумот дода, зикр сохт, ки ҷиноятсодиркунӣ дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 8,8 % афзудааст, яъне ба 738 адад расидааст. Ҷиноятҳои вазнин, авбошӣ, дуздию қаллобӣ, ҷинояти ноболиғон (103 ноболиғ 124 ҷиноят содир кардааст), худкушиву ва суиқасд ба он( 16 адад), хушунати оилавӣ ва амсоли он, сабаб гардид, ки имрӯз мо ҷамъ оему ҳодисаҳоро таҳлил намуда, пеши роҳи ҷинояту дигар ҳодисаҳои номатлубро бигирем. Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он омилҳои гуногун доранд, масалан, 41% -аз бемории асаб, 14 нафар -аз бемориҳои вазнин, 27 нафар аз хушунати оилавӣ ба чунин хулосаи нангин даст задаанд. Суоле пеш меояд, ки модоме ин 41% ба бемории асаб гирифтор будаанд, чаро дар ташхису рӯихати табиб наистодаанд? Раисони кумитаҳои маҳаллаҳо чаро аз бемории сокинон ва хушунати оилавии онҳо бехабаранд? Шояд бетарафии ҳамсоягон чунин шаҳрвандонро ба худкушӣ мерасонад? –Бояд фаъолияти занон, ҷавонон, калонсолони маҳалла пурзӯр карда шавад,- афзуд Прокурори вилоят.- 121 нафар шаҳрванди болиғу ноболиғи вилоят ғарқ шуда, ба ҳалокат расид, ки аз ин шумор, 61 нафар дар дарё, 25 нафар дар ҷӯйбор, 22 нафар дар канал, 4 нафар дар обанбор, 9 нафар дар кӯлҳо ғарқ шуданд. Волидайни инҳо ба куҷо нигаристанд? Мувофиқи Қонун дар бораи «Масъулияти падару модар дар тарбия ва таълими фарзанд» онҳо барои бепарвоӣ нисбат ба фарзанд ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аммо мусибати аз даст додани фарзанд ё ягон нафари наздик худ як ҷазои вазнин аст.
Оид ба мавҷудияти Қонуни «Муқовимат ба савдои одамон»-ро на ҳамаи ҷиноятпешагон медонистаанд.-ба суханаш идома бахшид Прокурори вилоят.- 19 ҷинояти хариду фурӯши одамон фақат то ҳамин давраи соли ҷорӣ содир шудааст. Духтарону занони гумроҳро бо баҳонаи дарёфти кори серпул ба кишвари араб фиристода, бо ин васила маблағҳои калон ёфтани иддае боиси ташвиш ва нигаронии кормандони мақомоти ҳуқуқ ва ҷомеа гардидааст.
Либоси миллии худро пушти по зада, либоси мардуми арабу покистониву эрониро ба бар кардани занону бонувони мо чӣ маънӣ дорад? Либоси тоҷикии мо чӣ нуқсон дорад? Ҳар давлату халқияту сохтор либоси махсуси худро дорад. Ва ба халқи тоҷик низ ниёгон либосҳои миллии худро ба морс гузоштааст. Чаро таассуб ба либоси бегонагон мекунем?- суол гузошт прокурор.- Амалҳои мо асосан аз урфу одат сарчашма мегиранд ва  ҳуқуқҳои мо низ дар асоси урфу одат пайдо шудаанд.
Шомилшавии ҷавонону ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва ғайриқонунӣ ҳанӯз ҳам идома дорад. Онҳое, ки кӯр-кӯрона шомил гардида, хатои хешро фаҳмидаанд, дар сурати ихтиёран ба идора омада, изҳори пушаймонӣ намудан, ҷазои ҷинояташон сабук карда мешавад.-Дар ҳаққи дини мубини ислом ва иҷозати давлат дар озодии виҷдон хизмати хирсона кардан нашояд, афзуд прокурор.- дар қаламрави кишвар 4000 масҷид амал мекунад. Марҳамат, намоз хонед, рӯза гиред, ибодат кунед! Аммо ба мамлакатҳои ғайр пайравӣ накунед, мазҳабро тағйир надиҳед, зери ниқоби дин  ба корҳои ҷиноӣ даст назанед,- ба ҷойи хулоса хитоб намуд Қурбонзода Шариф Ҳабибулло.
Ба тақвияти сухани прокурори вилоят Раиси суди вилоят Анвар Иброҳимзода, Раиси Шӯрои уламои дини вилоят ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси шӯрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд Мастура Темирова сухан карданд ва барои ҷомеаро ба роҳи росту дуруст ҳидоят намудан, таклифу пешниҳодоти хешро иброз карданд. Худ намуна будан ва дигаронро аз пайи хеш бурдан, маҳаки пешниҳоди эшон буд.
Дар фуроварди маҷлис Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода эрод ва камбудиҳои қайд намудаи прокурори вилоят Қурбонзода Шарифро ба инобат гирифт ва фаъолонро вазифадор кард, ки бо мардум бештар кор карда, пеши роҳи ҷиноят ва амалҳо номатлуб гирифта шавад.