(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз дар партави ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Иди саиди Қурбон ба 42 нафар ятими кулл, дастархони идона ороста шуда, кўмаки яквақтинаи молиявӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд кўдаконро бо Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин тадбир дар доираи сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ шуда, ин қишри ҷомеа ҳамешагӣ зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дорад.

Таъкид шуд, ки яке аз фазилатҳои асосии иди Қурбон дасти ёрӣ дароз кардан ба мискинону ниёзмандон аст. Хушбахтона, дастгирии моддӣ ва кўмак ба эҳтиёҷмандон дар рўзҳои ид аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва шахсони саховатпешаву ҳимматбаланд ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст. Зикр бояд намуд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии давлатамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, барои ободиву пешрафти Ватан содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он баробари тоату ибодат, инчунин сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад. Зеро он ҳамеша некиву накўкорӣ ва бародариву баробариро тарғибу талқин намуда, хушунату зўроварӣ ва ифротро маҳкум мекунад».

Боиси хушнудист, ки мардуми мусалмони мо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот иди Қурбон ва дигар маросиму суннатҳои эътиқодиро сарҷамъона таҷлил менамоянд. Зикр бояд намуд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро ба ҷо овардан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии давлатамонро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан, барои ободиву пешрафти Ватан содиқона заҳмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии ҳар яки мост.

Сипас аз ҷониби Фирдавс Шарифзода ба 42 нафар ятимон маблағҳои пулии идона тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба муносибати Иди Қурбон дастархони идона густурда шуда, барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд