(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷамъбастии Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он 11 нафар хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд соҳиби 15 медал гардиданд.

Дар Олимпиадаи мазкур 27 дастаи олимпии наврасон бо иштироки 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Ҳамзамон, наврасони кишварҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-ланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ дар кори он ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамаи 11 нафар иштирокчиёни Олимпиада аз шаҳри Хуҷанд аз ҷониби омўзгор Ҳусейн Очилов ба Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» омода ва равона карда шуд, ки онҳо маҳорати хешро аз рўйи чор номинаи озмун санҷида, дар маҷмуъ соҳиби 15 медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардидаанд.

Ҳусейн Очилов яке аз омўзгорони навовар, ташаббускор ва фаъоли шаҳри Хуҷанд буда, алъон бо ташкили маҳфили «#StartCoding» донишҳои баномасозии хонандагонро сайқал медиҳад.

Алҳол дар маҳфил беш аз 30 нафар хонандагони болаёқат сарҷамъ карда шуда, ба онҳо нозукиҳои соҳаи барномасозӣ омўзонида мешаванд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд