(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба Рўзи маъюбон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка байни шахсони қувваи босираашон суст ва нобино ташкил ва баргузор гардид.

Мусобиқа дар чойхонаи “Сирдарё”-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар мусобиқа зиёда аз 30 нафар шахсони қувваи босираашон суст байни ҳам рақобат намуданд.

Тибқи низомнома мусобиқа ба таври олимпӣ байни мардон, занон ва наврасон гузаронида шуд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ, тарғибу ташвиқи шашкаи русӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маъюб ва қувваи босираашон суст ба ҳисоб меравад.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳр иштирок ва суханронӣ намуда, табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба самъи ҳозирин расонд.

Дар натиҷаи қувваозмоӣ байни мардон сазовори ҷои якум Алиев Абдуғафур, ҷои дуюм Дўстматов Дўстмуҳаммад ва ҷои сеюм Мирбобоев Абдуллоҷон сазовор гардиданд.

Байни занон ҷои якумро Абдуғаниева Дилфуза, мақоми дуюмро Ҳасанова Моҳинисо ва зинаи сеюмро Мунаварова Зебинисо ба даст оварданд.

Дар мусобиқа байни наврасдухтарон ҷои якум Ҷўраева Шаҳризода, ҷои дуюм Қурбонова Фарзона ва сазовори ҷои сеюм Ярматова Азиза муайян шуданд.

Байни наврасписарон сазовори ҷои якум Икромов Ислом Атомуллоев Абдуллоҷо, ҷои дуюм Қаҳоров Парвиз ва ҷои сеюм Орипов Расулҷон гардиданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ифтихорнома, медал ва тўҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд