(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати 25 солагии Ваҳдати миллӣ дар асоси дастуру супориш ва сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз манзили навбунёди оилаи Сўфиҷоновҳо сокинони кўчаи Боғистон, ки санаи 23-юми феврали соли равон хонааш пурра оташ гирифта буд ва бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барояш хонаи нав бунёд шуд, боздид намуда, ба ин оила яхдон ва обгармкунак тақдим кард.

Раиси шаҳр гуфт, ки Ваҳдати миллӣ, ки бо фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, заминаи мусоид фароҳам овард, ки пояҳои давлатдории нави тоҷикон гузоштаву таҳким ёбанд ва корҳои созандагиву ободокорӣ ба роҳ монда шаванд. Набояд фаромӯш кард, ки маҳз Роҳбари давлат бо истифода аз хиради волои хеш тавонист аз дили мардум рӯҳафтодагию ноумедиро зудуда бисозад ва онҳоро ба ояндаи нек дилгарм бикунад. Кишварамон тинҷу осуда ва мардум ба кору пайкори созандагӣ машғул аст.

Иттилоъ дода шуд, ки баъди сўхтор аз хонаву амволи оилаи мазкур ва умеди зиндагӣ нишонае намонда буд ва бо маблағгузории шаҳрдорӣ давоми чор моҳ барои ин оила хонаи 4 ҳуҷрагӣ бо таҳхонааш бунёд карда шуда, алъон дар он корҳои пардозгарӣ бомаром идома дорад.

Оилаи Сўфиҷоновҳо, ки дар маҷмуъ 5 нафар зиндагӣ менамоянд, барои таваҷҷуҳ ва кӯмаки раъиятпарварона ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонт арзи миннатдорӣ намуда, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва ороимию осоиштагӣ намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд