(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба 25 солагии Ваҳдати миллӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокини маҳаллаи Чорчароғ Ибодат Раҳимоваро, ки як сол инҷониб дар бистари беморӣ азият мекашид, аёдат намуда, дар баробари маводи озуқа, ҳамчунин ба мавсуф аробачаи маъюбӣ дастрас намуд.

Раиси шаҳр ҳангоми дидорбинӣ ба Ибодат Раҳимова гуфт, ки амнияту осоиштагӣ падидаи беназири замони истиқлол расидан ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба шумор рафта, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Мафҳуми калимаҳои Истиқлол ва Ваҳдат арзиши баробар дошта, ҳамчун ғояи миллӣ дар замиру андешаи мо ташаккул меёбад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сўйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрўзу ояндаи халқамон аст».

Аёдатшуда Ибодат Раҳимова барои чунин иқдом ва таваҷҷуҳ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ, амну осоиш, таҳкими ризоияту оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни аҳли ҷомеа дуои нек намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд