(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

САРЧАШМАИ САОДАТ - СУЛҲУ ВАҲДАТ

Ҳамватанони азиз!

Саодати бузург мардуми моро насиб гаштааст, ки он Истиқлолияти давлатии мост ва Ваҳдат як ҷузъи ҷудонопазири он маҳсуб меёбад. Ҳама гуна пешравӣ, рушд, тараққиёт дар заминаи сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба даст меояд.

Ба ин муносибати пуршарофат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумо, сокинони сарбаланди шаҳр ва кулли ҳамдиёронро бо ҷашни фархундаи миллат – 25-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ ва саодатмандии бепоёнро таманно менамоям.

Басо рамзист, ки тантанаҳои Рўзи ваҳдати миллӣ имсол бо тадбирҳои ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, дар таҳкиму тарғиби сиёсати инсонпарварона ва ваҳдатофари Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам такони нав мебахшад.

Бо ифтихор бояд зикр кард, ки падидаи беназири замони истиқлол расидан ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба шумор рафта, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Мафҳуми калимаҳои Истиқлол ва Ваҳдат арзиши баробар дошта, ҳамчун ғояи миллӣ дар замиру андешаи мо ташаккул меёбад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сўйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрўзу ояндаи халқамон аст». Дар мавриди дигар изҳор доштаанд, ки “Рисолати давлату Ҳукумати кишвар таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аст”.

Ин рўзи таърихӣ, воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ин ҳама ободиву осудагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон меваи шаҳдбори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Мардуми Тоҷикистон, хосатан сокинони Хуҷандшаҳр туфайли заҳматҳои шоистаю талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кўтоҳи таърихӣ тавассути сиёсати «дарҳои кушод», ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саодатёр гардида, ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуд.

Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ишора ба он кардаанд, ки ҷиҳати устувории рукнҳои давлатдорӣ дар кишвар корҳои шоёне ба анҷом расонида, дар замони пурталотуми ҷаҳони имрўза, бархўрди фарҳангу тамаддунҳо, хатарҳои экстремистию террористӣ моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста андешаи миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, таъриху фарҳанги тамаддунофари миллати худро тарғибу таҳким бахшем ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифзу гиромӣ дорем.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки бо шукрона аз сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар барои таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намоем.

Мо дар ҳамдастию якдигарфаҳмӣ барои ҳифзи ваҳдати сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми имкону тавонмандиамонро ба кор бурда, барои пойдору побарҷо будани он талош меварзем.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамшаҳриёни азиз ва меҳмонони ин шаҳри хуршедиро бо ҷашни муқаддаси 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ самимона муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки шумо оромиву хушбахтӣ ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям.

Бигузор Тоҷикистон ватани ҷовидони ваҳдат бошад ва ба сўйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузорад!

25-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрон!