(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМуассисаи давлатии литсейи донишкадаи политехникии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи тамоюлаш ба фанҳои дақиқ нигаронида шуда, таҳсил дар литсей бо забонҳои тоҷикӣ ва забони русӣ сурат гирифта, гуруҳҳои махсуси забони русӣ ва забони англисӣ низ амал мекунанд.

Тибқи иттилои масъулин қабули хонандагон ба литсей тариқи озмун мебошад. Корҳои хаттӣ аз фанҳои математика, забони тоҷикӣ, забони англисӣ ва забони русӣ гирифта мешавад.

Соли хониши 2021-2022-ро литсейи политехникӣ бо дастовардҳои шоён натиҷагирӣ наму. Аз ҷумла, омӯзгори фанни химия Иброҳимов М.М. ва омӯзгори фанни физика Бобоҷонов Ҷ.Ҷ. барои омода намудани хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва ғолибияти шогирдонашон бо тӯҳфаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қадрдонӣ карда шуданд. Омӯзгори фанни физика – Бобоҷонов Ҷӯрабой гирандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 эълон гардид.

Хонандаи синфи 11-и Литсейи донишкадаи политехникӣ Бойматов Амирҷон дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар номинатсияи химия дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи 2 ва бо маблағи 25 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ва тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳи буҷавии ихтисоси кори табобатии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон қабул шуд.

Моҳи майи соли ҷорӣ 4 нафар хонандагони литсей дар даври шаҳрии «Илм – фурӯғи маърифат» иштирок намуда, аз онҳо ду нафарашон: Собиров Фирдавс ва Ӯрунов Фирдавс сазовори ҷойи II ва Дипломи дараҷаи II гаштанд.

Соли ҷорӣ 4 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-и литсей барои гирифтани Стипендияи Президентӣ сазовор гардиданд.

Санаи 29.10.2021 дар озмуни шаҳрии “Тирамоҳи заррин” хонандагони литсей бо роҳбарии омӯзгори фанни биология Мақсудова С. иштирок намуда сазовори Дипломи дараҷаи II гаштанд. Моҳи октябр хонандагони синфҳои 10-11 бо роҳбарии омӯзгор Абдуқаҳоров А. дар мусобиқаи ҳарбӣ - варзишӣ бахшида ба 30-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда бо дипломи дараҷаи III сарфароз гардиданд.

Соли ҷорӣ хонандагони синфҳои 5-11 дар олимпиадҳои фаннии шаҳрӣ 44/11 нафар, дар олимпиадаи вилоятӣ 25/5 нафар, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 15/2 нафар иштирок намуда, 10 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Хонандаи синфи 11 А Бойматов Амирҷон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни химия ширкат варзида, сазовори ҷойи 1 гардид. Хонандаи синфи 11 А Ҳошимов Нодирҷон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни физика ширкат варзида, сазовори ҷойи 3 гардид.

Дар олимпиадаи байналмиллалии Анталия (онлайн) аз фанни физика байни хонандагони синфҳои 9-10-11 хонандагон Урунов Фирдавс, Бобоев Нуруллохон ва Охунов Саидвалихон иштирок намуда, сазовори Дипломи дараҷаи I гардиданд.

Инчунин давоми соли таҳсил хонандагони литсей дар якчанд олимпиадаҳои байналмиллалӣ ба монанди Hippo – 16/9 нафар, Imas- 2022- 20/9 нафар, Fiso-45/17 нафар, Архимедия АMC-2022-3 нафар, Кенгуру – 4/4 нафар иштирок намуда соҳиби Диплом, медал ва Сертификат гаштанд.

Хонандаи синфи 7 Б Комилҷонова Мухлиса дар Олимпиада аз фанни забони англисӣ «Spelling Bee» дар даври шаҳрӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи II гардид ва барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд