(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМаркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо баргузор намудани силсилаи мулоқоту нишастҳо ташкил намуда, байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани сироятёбӣ аз бемориҳои мавсимӣ, аз ҷумла бемории шадиди меъдаю рўда корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок менамояд. Мусаллам аст, ки бо фарорасии фасли тобистон авҷи бемориҳои сироятӣ ба мисли бемориҳои домана, исҳоли хунин, вағайраҳо низ ба чашм мерасад. Сабаби хуруҷи бемориҳои дарунравӣ он аст, ки бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакокҳо, стрептококҳо, диплакокҳои дар гирду атроф буда, ба организми одамон ворид шуда, зарари худро мерасонанд ва ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда шахсро мубтало мекунанд.

Ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдои шаҳр даҳҳо тонна маҳсулоти ширию гӯштӣ ва меваю сабзавот ба фурӯш бароварда мешавад. Мутахассисон бар он назаранд, ки гармшавии ҳаво ва зери офтобу ҷойҳои номувофиқ гузоштани маҳсулот ба вайроншавии онҳо оварда мерасонад ва барои саломатии инсон хатарнок мегарданд.

Табибон зиёд шудани бемории дарунравиро пеш аз ҳама риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ донанд, сониян ба истеъмоли маҳсулоти кишоварзии вайроншуда рабт медиҳанд. Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, ҳамасола дар фасли гармо муроҷиати сокинон роҷеъ ба сироятёбии мавсимӣ бештар мегардад.

Мутаассифона бархе соҳибкорон бо истифода аз имконот ва имтиёзот истифода намуда, молҳои пастсифати хешро ба фурўш мегузоранд, ки боиси нигаронӣ мешавад. Аз ин рӯ, масъулинро зарур аст, ки ҳамарӯза дар бозору марказҳои савдо бо баргузор намудани чорабиниҳои назоратӣ ба сифати маҳсулоти маводи хӯрока эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд эҳтиромона хоҳиш ва даъват менамояд, ки дар сурати ба чашм расидани маҳсулоти пастсифат ва баъди истеъмоли он гирифтор шудан ба бемориҳои гуногуни сироятӣ ба телефони боварии (83422) 5 54 50 муроҷиат намоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд