(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа муносибати 25 -умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ аз қисми низомии комендатураи ҳарбии вилояти Суғд воқеъ дар маҳаллаи “Сайҳун”-и шаҳри Хуҷанд озмуни зехнии шоҳмот байни сарбозону афсарон доир гардид.

Дар маросими ҷамбастии мусобиқа Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид дошт, ки бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

Дар маросими расмии чорабинӣ ғолибон ва ҷоизадорон бо туҳфахои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кадршиносӣ гардиданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд