(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Муроҷиати шаҳрвандон қонеъ карда мешавад.Аз субҳи имрӯз дар Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми роҳбарони вохидхои сохторӣ, муовинони Раиси шаҳр ва дигар масъулин тариқи усули «Равзанаи ягона» шаҳрвандони маркзи вилоятро қабул намуданд.
Сокинон вобаста ба масалаи худ имкон доштанд ба мутасддиён бевосита муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Ҳамчунин бо назардошти моҳияти масалаи худ сокинон имкон доштанд, ба Раиси шаҳри Хуҷанд  низ бо саволхою мушкилоти худ муроҷиат намоянд.
Зиёда аз 30 нафар шаҳрвандон доири масалаҳои таъмини  қитъаҳои  замини наздиҳавлигӣ, насби пойгоҳи нави барқӣ, расондани кӯмаки моддӣ, гузоштани дӯкони нуқтаи савдо, таъмини доруворӣ ва муолиҷа, кӯмак барои масолеҳи сохтмонӣ ва гайра муроҷиат намуданд. Муроҷиати шаҳрвандон қонеъ карда мешавад.Барои иҷро ва баррасии масалаҳои муроҷиатнамуда, муҳлат муқаррар гардида, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дода шуд,ки дар мӯхлати муқаррарнамудани қонун ҷавоб дода шавад.