(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altҲайати калони ҳизбиёни вилоят таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода бо шумули кормандони масъули кумиҷроияи вилоятӣ, раисони кумиҷроияҳои ҳизбии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод, Деваштич аз ҷараёни сохтмон, таъмиру барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, дидан карданд. 

Зимни суҳбат сармутахассиси Сарраёсати идораи сохтмони асосии МИҲД-и вилоят Давронҷон Ниёзов иттилоъ дод, ки дар дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таъмиру барқарорсозии Қалъаи қадимаи Хуҷанд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, наздики 4 сол идома дошта, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар корҳои навсозии иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ширкат варзида, дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст. Ба корҳои сохтмонӣ сесад нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, то имрӯз аксари корҳо ба итмом расонида шудааст. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик бо мақсади вусъат бахшидан боз 300 нафар мутахассисон ҷалб мешаванд.

Аз ҷониби ҳизбиёни вилоят ба кормандону сохтмончиёни Қалъаи Хуҷанд як миқдор маводи хӯрока иборат аз гӯшт, равған, биринҷ, пиёз, картошка, бодаринг, помидор, нон, самбӯса тақдим карда шуд.

Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Зуфар Исмоилзода омодагии ҳизбиёнро дар ҳашари ободониву тоза кардани атрофи Қалъаи Хуҷанд иброз дошт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд