(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ба бонувони ҳунар грант супорид.Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилоят аз 31 январи соли 2014 “Оид ба таъсиси грантҳо барои дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ”, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 7 апрели соли 2014, № 161 “Дар бораи таъсиси грантҳо баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ барои соли 2014” ба тасвиб расида буд.
Маблащи умумии он 55 ҳазор сомониро ташкил дода, 15 гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла 5 грант, ба ҳар яке 5 ҳазор сомонӣ, барои рушди ҳунари дастии қолинбофӣ, 5 грант, ҳар яке 3 ҳазор сомонӣ, барои рушди ҳунари сӯзанидӯзӣ ва 5 грант, ҳар яке 3 ҳазор сомонӣ, барои рушди ҳунари адрасбофӣ таъсис дода шуда буд.
Дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи грантӣ лоиҳаи 15 нафар занони ҳунарманд ғолиб дониста шуда субҳи имрӯз дар Кохи матбуот маросими супоридани грант  ба ғолбон баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин чорабинӣ иштирок намуда, бонувони ҳунармандро бо ғолибият табрик гуфт.
“Бозори маҳсули ҳунарҳои гулдӯзию зардӯзӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, хусусан бо афзоиш ёфтани шумораи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ хеле гарму серхаридор гардида, шумораи занону духтарони ба ин кор рӯйоварда афзун шуд.
Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири вусъат бахшидан ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ дастур доданд ва соҳибкорони хушзавқи вилоят аввалин шуда, бо ҷонибдорӣ аз ин ҳидояти Сарвари давлат ба ҷорӣ намудани қолинбофии хонагӣ, эҳёи ҳунарҳои миллии сӯзанидӯзиву адрасбофӣ даст заданд.
Бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва касбӣ низ эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ, бахусус барои духтарон ба роҳ монда шудааст.”-қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳунарманди мардумӣ,қолинбоф Директори ҶДММ “Рухсора” Ойимқиз Қодирова ва гулдӯз Нодирабегим Устобоева лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуда барои дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумии занон изҳори сипос  намуданд.
Баъдан дар лаҳзаи тантанавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба 15 нафар бонувони ҳунар маблағи грантро супорид.
Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд,ки  раванди амалишавии лоиҳаро шахсан пайгирӣ хохад кард ва ҳатман аз сатҳу сифати иҷроиши лоиҳаи дастгириёфта дидан хохад кард.