(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд шахсони ниёзмандро баъди муроҷиаташон аёдат намуд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба муроҷиати чанде аз шаҳрвандон,ки барои ҳалли муаммоҳои худ ва расондани кӯмаки яквақтаи моддӣ  муроҷиат намуда буданд, ба ёдати онҳо рафт.
Сокини шаҳри Хуҷанд собиқадори меҳнат Татяна Ломкина зиёда аз 20 соли фаъолияти кории худро ба коргоҳи илмию истеҳсолии «Алмос» бахшида, ҳамроҳи як наберааш зиндагӣ намуда, айни ҳол даврони пирӣ меронад.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳоли ӯ пурсон шуда, нисбати вазъи саломатӣ шароити зист ва таъмини доруворӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ба мутасаддиён дастур дода шуд, ки вазъи саломатӣ ва таъмини шароити  зиндагии собиқадори меҳнатро зери назорат гиранд. Раиси шаҳри Хуҷанд барои аз аҳволи маюби гурӯҳи якум сокини маҳаллаи «Сари баланд» Наимҷон Пӯлотови 30 бохабар шудан ба манзили ӯ рафт. Ин ҷавони маюб соли панҷум аст,ки имкони роҳгардӣ надорад ва пайвандонаш ӯро нигоҳубин менамоянд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти соҳаи тандурустӣ дастур дод,ки барои муолиҷа ва барқарор намудани саломатиаш ба таври мунтазам кӯмаки амалӣ расонанд.
Сокини дигари маркази вилоят Мурод Шарипов баъди фаъолияти зиёди меҳнатӣ дар сохтмону иншоотҳои вилоят алҳол дар нафақа буда, вазъи саломатиаш хуб нест. Бинобар он ҳамарӯза барои муолиҷаи табибон ниёз дорад. Раҷаббой Аҳмадзода барои табобати Мурод Шарипов ва ҳамсари ӯ дар беморхонаи  шаҳрӣ супориш дод ва онҳо аз оғози ҳафтаи оянда бистарӣ хоҳанд шуд.
Рӯзи қабули шаҳрвандон Зафарҷон Султонов доири таъмини манзили истиқоматӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намуда буд. Зафарҷон Султонов аюби гурӯҳи дуюм буда, қобилияти корӣ надорад. Дар хонаи хешовандонаш зиндагӣ намуда, барои сохтмони манзил имконият надорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба мутасаддиёни Бахши манзили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки барои таъмини хонаи як ҳуҷрагӣ  чора андешанд.