(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар кушодашавии «Ситораи Шарқ» иштирок намуд.Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Маркази савдои фурӯши молу ашёи  талаботи ҳаррӯза ва тӯҳфаҳо «Ситораи Шарқ» ба фаъолият оғоз намуд.Ҳангоми чорабинии тантанавӣ Раҷаббой Аҳмадзода баён дошт,ки сиёсати стратегӣ ва афзалиятноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин рушди соҳибкорӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аст. Дар мӯхати кӯтоҳ ба фаъолият оғоз намудани чандин корхонаҳои хурду миёна ва марказҳои замонавӣ тасдиқи гуфтаҳои болост.
Раиси шаҳри Хуҷанд баъди ифтитоҳи расмӣ ва буридани лентаи рамзӣ аз мағозаи мазкур дидан намуд.
Маркази савдои мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Ҳомитов, бо маблағгузории беш аз 500 ҳазор сомонӣ омодаи хизматрасонӣ шуда, барои 12 нафар ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст.
Музди миёнаи маоши кормандон бошад ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми азназаргузаронӣ аз молу маҳсулоти Маркази мавдои «Ситораи шарқ» ба роҳбарияти он супориш дод, ки ба сифати молу амволе,ки ба харидорон пешкаш мегардад,эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ҳамзамон зикр гардид,ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ соати кории маркази савдо зиёд карда шуда, ба мизоҷон барои баъди соати корӣ харидорӣ намудан аз молҳои гуногуни ин марказ имконият фароҳам оварда шуда, дар рӯзҳои ҷашн тахфифҳои махсуси идона ҷорӣ гардад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки марҳила ба марҳила маоши кормандон зиёд карда шуда, барои тамоми табақаҳои иҷтимоии шаҳрвандон имконияти харидории молҳо аз ин марказ пешниҳод карда шавад.
Маркази савдои «Ситораи Шарқ» аз 6 шуъба иборат буда яке аз шӯъбаҳо ин фурӯши мусаввараҳои рассомон аст. Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки мусаввараҳои рассомони шаҳри Хуҷанд низ дар ин шӯъба ба фурӯш гузошта шавад.