(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо зойирини «Ҳаҷ-2014»Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбаркунии зойирин барои адои маросими Ҳаҷ оғоз ёфт.
Имсол низ тибқи меъёри муқарраргардида 179 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд ба Арабистони Саудӣ барои иҷрои фарзияи динӣ санаи 11 сентябр сафар хоҳанд кард.
Ба ин хотир бо нафароне, ки озими сафар мешаванд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот анҷом дод.
Дар сухани муқаддимавии худ Раиси шаҳри Хуҷанд аҳли зойринро бо ҷашни 23 солагии Истиқололяти давлатӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо шарофати сиёсати адолатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҷо овардани тамоми фарзияи динӣ дар шароити озод сурат мегирад. Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо зойирини «Ҳаҷ-2014»Ҳамчунин ҳангоми баромади худ Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд,ки баъди сафари Ҳаҷ ҳар кадоме аз онҳо баҳри тарбияи ахлоқи ҷавонон, ваҳдати мазҳабӣ, пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб саҳм гузоранд. Зеро ба унвони Ҳоҷӣ шарафёб гаштан ин беш аз ҳама масъулият аст.
Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода амал намудани мусофиронро тибқи меъёру маърифти баланди инсонӣ, талаботҳои иҷрои фарзу суннатҳои дини Ислом мувофиқи мазхаби Ҳанафӣ, риоя намудани анъана ва арзишҳои миллӣ ҳангоми адои маносики Ҳаҷ даъват намуд.
Собиқадори соҳаи молия Каромулло Одилов,омӯзгори ботаҷриба Зулфия Раҷабова ба сухан баромада, барои фароҳам овардани тамоми шароитҳои мавҷуда, ташкили таълими зойирин ба Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сипосмандӣ намуданд.
Мусофиронро 4 нафар роҳбаладӣ хоҳанд кард,ки тибқи озмун муқаррар гардиданд.