(3 овоз, миёна 4.67 аз 5)

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд.Дар шаҳри Хуҷанд боз як толори варзишу тамрин ба фаъолият оғоз намуд.
Дар расми оғози фаъолияти он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Толори варзиш ба маблағи зиёда аз 70 ҳазор доллари ИМА омода гардида, дар як вақт имкон дорад то 50 нафар хоҳишмандонро қабул намояд. Воситаҳои тамрин, ки адади онҳо беш аз 60 адад аст, барои тамрини намудҳои гуногуни варзиш ва обутоби бадан пешбинӣ шудааст.
Мизоҷон имкон доранд, аз рӯи имконияташон ба бозии теннис, вазнбардорӣ, атлетикаи вазнин ва сабук ва ғайра вақтҳои фориғи худро гузаронанд. Магоҳшқ шахсони аз синни 18 сола болоро қабул намуда барои занҳо низ рӯзҳои махсус пешбинӣ шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми боздид аз сатҳу сифати толор ва тамрин дидан намуда, таъкид намуд, ки толори мазкур бояд барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои варзишгарони шаҳру вилоят хизмат намуда, ҷавононро дар руҳияи рақобати солими варзишӣ, тарбияи ахлоқи ҳамида ва пешбурди тарзи ҳаёти солим хизмат намояд.