(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Иди Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд.Шоми имрӯз дар пояи Парчами Миллӣ дар шаҳри Хуҷанд таҷлили 23 солагии Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Иштирокдорони ҷашн дар лаҳзаи мутантан муовини Раиси вилояти Суғд Раънохон Маҳмудзода Бобоҷониён ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Баъди садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси вилояти Суғд Раънохон Маҳмудзода Бобоҷониён табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирон расонд.
Раиси шаҳри Хуҷанд кулли ҳозирон ва меҳмононну сокинони маркази вилоятро бо ин иди фархундаи худшиносию озодӣ табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки «Бо шарофати истиқлолияти мамлакат чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳр низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд.
Ҷашни имсолаи истиқлолият дар рӯзҳое рост омад, ки сокинони сарбаланди шаҳр чун тамоми мардуми Тоҷикистони азизамон ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ - 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Суруди миллӣ, 600-солагии шоир ва мутафаккири бузурги тољик Абдураҳмони Ҷомӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд.»
Аз ҷониби устодони санъат ва гурӯҳҳои ҳунарии шаҳр барномаи адабӣ-фарҳангӣ пешкаш гардид, ки аз ҷониби ҳозирон хуш истиқбол гардид.