(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Оғохи сохтмони истгоҳи нави барқӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Дар маҳаллаи 28-уми шаҳри Хуҷанд сохтмони истигоҳи барқӣ оғоз гардид. Бахшида ба оғози корҳои бунёдӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Масоҳати бунёди истгоҳи барқӣ 4 гектарро ташкил дода, он аз ду истгоҳи барқи, ки иқтидори ҳар кадоми он 16 ҳазор киловолт -ампер аст, иборат хоҳад буд.
Корҳои сохтмонӣ васлу танзимро, идораи «Тоҷикгидроэнергомонтаж» ба зима дорад. Аз рӯи нақшаи идораи номбурда истгоҳи нави барқӣ моҳи марти соли 2015 мавриди истифода дода мешавад. Маблағи умумии корҳои пешбинишуда 21 миллион евро буда, маблағгузории он тибқи лоиҳаи «Паст намудани сатҳи талафоти нерӯи барқ дар вилояти Суғд» аз ҳисоби  Бонки Рушд ва Таҷдиди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва Крмиссияи Аврупо сурат мегирад.  Фаъолияти ин иншоот имкон медиҳад,ки шиддати гаронии се истгоҳи барқии соҳили рости шаҳр поён бурда шавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони идораи Шабакаҳои барқро бо ҷашни истиқлолияти кишвар табрик намуда, бунёду ба истифода додани ин пойгоҳи барқиро амали муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
«Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолиро бо қувваи барқ ҳадафи стратегии давлату ҳукумат қарор додаанд. Бунёди ин иншоот маҳз бо дастгирии сарвари давлат амали мегардад, ки шаҳодати гуфтаҳои болост. Дар баробари ин бунёди корхонаҳои нав, афзудани иқтидори иқтисодию саноатии шаҳри Хуҷанд, барои сифатан беҳтар намудани таъминоти маркази вилоят бо нерӯи барқ талаботи замон аст. Изхори боварӣ ҳаст, ки ба истифода додани истгоҳи мазкур имконияти рушду тараққиёти на танҳо шаҳр балки вилояти Суғдро беҳтару бештар хоҳад кард».
Баъди дуои неки собиқадорони соҳа корҳои сохтмонии истгоҳи барқӣ оғоз ёфт.