(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамватанони гиромӣ!
Бисту се сол муқаддам 9 сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки барои ҳар яки мову шумо иди муқаддас ва азизтарин маҳсуб меёбад.
Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.
Бешак, дастоварди бузургтарини истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ  қайд намудаанд, ки истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо менамояд.
Бо шарофати истиқлолияти мамлакат чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳр низ бо дастгирӣ ва щамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким меёбанд.
Ҷашни имсолаи истиқлолият дар рӯзҳое рост омад, ки сокинони сарбаланди шаҳр чун тамоми мардуми Тоҷикистони азизамон ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ - 20-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Суруди миллӣ, 600-солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд.
Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор ҳамаи шуморо бори дигар аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба шарафи ҷашни 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва осоиштагӣ таманно менамоям.
Иди Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!


 Раиси шаҳри Хуҷанд                               Раҷаббой Аҳмадзода