(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Биржаи меҳнат» барои кироякорон.Акнун кироякорон дар қади роҳ ва ё дар кӯчаҳо саргардон нестанд, зеро имрӯз дар маҳаллаи «Гулистон-и шаҳри Хуҷанд «Биржаи меҳнат» барои кироякорон ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин иншооти навбунед барои кироякорон тамоми шароит мухайё буда, барои сохтмони он 52 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Субхи имрӯз ин иншооти нав бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба истифода дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳадаф аз бунёди ин иншоот бо сарпаноҳи доимӣ таъмин намудани кироякорон дар фасли гармову сармо аст. «Биржаи меҳнат» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуҳалимов бунёд ёфта, барои ҷой ва дигар шароитҳои мавҷуда маблағ ситонда намешавад. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми суханронии худ кайд кард, ки бо ҷойи корӣ таъмин намудани мардум яке аз вазифаи муҳими давлат ба хисоб меравад, аз ин хотир имсол дар шаҳр 1700 адад ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.
Раиси шахр Рачаббой Ахмадзода аз кироякорон даъват намуд, то маърифати шаҳрдориро риоя намуда, тартиботи ҷамъиятиро риоя кунанд.